Афзоиши теъдоди парвозҳои Россия ба мақсади Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55849-Афзоиши_теъдоди_парвозҳои_Россия_ба_мақсади_Тоҷикистон
Тоҷикистон теъдоди парвозҳои вижа (чартерӣ) аз мақсади Россия ба Душанберо афзоиш дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 27, 2020 17:16 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши теъдоди парвозҳои Россия ба мақсади Тоҷикистон

Тоҷикистон теъдоди парвозҳои вижа (чартерӣ) аз мақсади Россия ба Душанберо афзоиш дод.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон, ба нақл аз Фарғона, Тоҷикистон теъдоди парвозҳои вижа аз Москва ба Душанберо  афзоиш дод, то шаҳрвандон ва муҳоҷирони кориро, ки ба далели ҳамагирии коронавирус ва баста шудани роҳҳо натавонистанд ба кишвар бозгарданд, ба Тоҷикистон мунтақил кунад.

Парвозҳо аз Москва ҳар  рӯз бо ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Сомон Эйр ва Тоҷик Эйр анҷом мешавад.

Дар ҳоли ҳозир ҳар дк рӯз ба ҷои ду парвоз, се парвоз анҷом мешавад.