500 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 286 зану кӯдак дар урдугоҳҳои Сурия
(last modified Mon, 27 Jul 2020 14:01:36 GMT )
Июл 27, 2020 19:01 Asia/Dushanbe
  • 500 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 286 зану кӯдак дар урдугоҳҳои Сурия

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон аз шиносоии 500 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 286 зану кӯдак дар урдугоҳҳои зери назари гуруҳҳои курди Сурия хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Осиё плюс, Сироҷиддин Меҳриддин дар нишасти хабарӣ гуфт: сафири Тоҷикистон дар Ироқ ҳазамон бо мақомоти давлати Сурия ва гурӯҳҳои мухталифи ин кишвар барои бозгардондани ин афрод ройзанӣ мекунад.

Вай таъкид кард, мақомоти Тоҷикистон бо Созмони ЮНИСЕФ ва Салиби Сурхи ҷаҳонӣ барои шиносоии шаҳрвандони тоҷик дар Сурия ҳамкорӣ мекунад.

Ӯ мушкили аслӣ барои бозгардондани шаҳрвандони тоҷик аз Сурияро шуюи корона донист.

Сироҷиддин Муҳриддин афзуд: мушаххас нест чи теъдод аз ин афрод ба бемории Ковид-19 мубтало шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар моҳи апрели соли 2019 бо талоши ҳукумати Тоҷикистон ва кӯмакҳои Созмонҳои байналмилалӣ 86 кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба кишварашон бозгардонда шуда буданд.

Падарони ин кӯдакон, ки узви гурӯҳи террористии ДИИШ буданд дар даргирӣ бо артиши Ироқ кушта шуда ва модарони онон даврони маҳкумияти худро ба иттиҳоми мушорикат дар фаъолияти ин гурӯҳ дар зиндонҳои Ироқ мегузаронанд.