Сохти се пойгоҳи зилзилашиносӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон се пойгоҳи зилзилашиносӣ сохта мешавад.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, дар қолаби тарҳи бузурги навсозии шабакаи пойгоҳҳои зилзилашиносӣ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, Тоҷикистон се пойгоҳи нави зилзилашиносӣ хоҳад сохт.
Собит Неъматуллоев, раиси Маркази геофизики Фарҳангистони миллии илми Тоҷикистон гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба сохти ду садди 70 метрӣ бо ҳамкории ду кишвари Тоҷикистон ва Узбакистон, аввалин пойгоҳи зилзилашиносӣ дар ноҳияи Зарафшон сохта хоҳад шуд.
Ӯ афзуд: Пойгоҳи дувум дар минтақаи дарёчаи Саррез сохта мешавад, ки оби он дар солҳои оянда на танҳо барои кишоварзони Тоҷикистон муфид аст балки кишварҳои ҳамсоя низ аз он истифода хоҳанд кард.
Раиси Маркази геофизики Фарҳангистони миллии илми Тоҷикистон гуфт: Пойгоҳи севум дар ноҳияи Мурғоб сохта мешавад.