Ҳазинаи тағири номи хонаводагӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55885-Ҳазинаи_тағири_номи_хонаводагӣ_дар_Тоҷикистон
Вазири додгустарии Тоҷикистон ҳазинаи тағири номи хонаводагиро бар асоси қонуни ҷадиди сабти аҳволи кишвар эълон кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 28, 2020 11:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳазинаи тағири номи хонаводагӣ дар Тоҷикистон

Вазири додгустарии Тоҷикистон ҳазинаи тағири номи хонаводагиро бар асоси қонуни ҷадиди сабти аҳволи кишвар эълон кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ, дар моҳи июни соли ҷорӣ, моддаи 20 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "дар бораи сабти аҳвол ва аъмоли вазъияти  маданӣ" ислоҳ шуд, ки бар асоси он, номи  хонаводагии атбои тоҷик набояд русӣ бошад.

Музаффар Ошуриён вазири додгустарии Тоҷикистон гуфт: Ин қонун шомили афроде, ки қаблан пасванди русии шиноснома дарёфт карданд намешуд ва фақат шомили афроде аст, ки барои аввалин бор мехоҳанд шиноснома дарёфт кунанд.

Вазири додгустарии Тоҷикистон афзуд: Афрод метавонанд барои фарзандони тоза мутаввалид шудаи худ аз пасвандҳои монанди "фар", "пур", "зода" ва "духт" истифода кунанд. У гуфт: дар қонун истиснооте ҳам барои аққалиятҳои мазҳабии муқими Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст.

Музаффар Ошуриён дар идома гуфт: Барои таҳияи асноди марбут ба эҷоди тағирот ва изофот дар савобиқи маданӣ ва тағири номи хонаводагии 1740 сомонӣ бояд пардохт шавад.

Ӯ идома дод, барои таҳияи форми дархост ва пур кардани он низ бояд 5 сомонию 80 дирҳам пардохт шавад.

Вазири додгустарии Тоҷикистон изҳор кард: Агар дар бойгониҳои дафтари сабт ниёз ба хадамот бошад, ҳар кадом аз хадамот 14 сомонию 50 дирам ҳазина дорад.