Июл 28, 2020 20:34 Asia/Dushanbe
  • Паёми муҳими ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми ин кишвар дар бораи барқ

Ҳукумати Тоҷикистон бо интишори паёме, аз мардуми кишвар хост бо дарки воқеият коҳиши мезони захираи об дар садди нерӯгоҳҳои барқи обӣ иқдоми ширкати барқи тоҷик мабни бар ҷирабандии барқро дарк кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон бар нақл аз дафтари матбуотии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин паём таъкид шудааст,ки мардуми Тоҷикистон аз рӯзи 17 январи 2017 то ба ҳол ба таври 24 соата бо барқ таъмин буданд.

Аммо ба далели коҳиши бориш дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистони гузашта акнун мезони об дар ду рудхона- Панҷ ва Вахш 50 дар сад коҳиш ёфтааст, ки мақомоти ширкати барқи тоҷик маҷбур шуданд содироти барқ ба Ӯзбекистон ва Афғонистонро алорағми тааҳудоти қаблии хеш коҳиш диҳанд. 

Ҳамчунин мезони захираи оби садди нерӯгоҳи барқи обии Норак 17 метр коҳиш ёфтааст, ки таъмини барқи мардум дар фасли зимистонро бо хатар рубарӯ месозад. 

Ҳукумати Тоҷикистон ба ин далел аз мардуми ин кишвар дархост кардааст, ки бо сарфаҷӯи дар масрафи барқ, иқдоми ширкати давлатии барқи тоҷикро дар заминаи ҷирабандии интиқоли барқ, дарк кунанд.

Барчасп