Кумаки 1 миллиондолларии Швейтсария ба Тоҷикистон барои муқобила бо корона
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55927-Кумаки_1_миллиондолларии_Швейтсария_ба_Тоҷикистон_барои_муқобила_бо_корона
Швейтсария барои муқобила бо авоқиби вируси корона ҳудуди як миллион доллар кумак ба Тоҷикистон пардохт мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 29, 2020 15:07 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 1 миллиондолларии Швейтсария ба Тоҷикистон барои муқобила бо корона

Швейтсария барои муқобила бо авоқиби вируси корона ҳудуди як миллион доллар кумак ба Тоҷикистон пардохт мекунад.

Давлати Тоҷикистон эълом кард, ки ба ятимон ва хонаводаҳои фақиру бехонумони муҳоҷирон ба мизони ҳаддиақали дастмузди якмоҳа кумак хоҳад кард.

Мудири Ожонси тавсеа ва ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон ахиран дар баёнияе расмӣ тазмини амнияти ғизоӣ дар манотиқи рустоӣ ва дурафтодаро бисёр муҳим ва зарурӣ эълом кард.

Вай афзуд, агар риояти фосилаи иҷтимоӣ ва шустани дастҳо ва истифода аз моск боиси ҷилавгирӣ аз уфунат мешавад, хӯрдани ғизои кофӣ ва солим боиси тақвияти системаи эминии инсон хоҳад шуд.

Кумакҳои Швейтсария аз сӯи Барномаи ҷаҳонии ғизо дар Тоҷикистон ба ниёзмандон ироа хоҳанд шуд ва авлавият ба хонаводаҳое бо занони сарпараст дода мешавад.