Июл 29, 2020 21:27 Asia/Dushanbe
  • Таъхир дар ифтитоҳи муҷтамаи фароварии “TALCO Gold” дар Тоҷикистон

Роҳандозии муҷтамаи тавлидии “TALCO Gold” дар Тоҷикистон ҳаддиақал барои як сол ба таъхир афтод.

Заробиддин Файзуллоҳзода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфт, роҳандозии муҷтамаи “TALCO Gold”, ки қарор буд барои тавлиди антимвон ва тило бо мушорикати Чин ифтитоҳ шавад, ба далели густариши коронавирус ба таъхир афтод.

Вай афзуд, ин муҷтамаъ, ки бузургтарин тарҳи санъатӣ дар Осиёи Миёна маҳсуб мешавад, дар октябри соли оянда баҳрабардорӣ мешавад.

Сохти муҷтамаи “TALCO Gold” дар тобистони соли 2018 оғоз шуд ва тибқи эъломи ширкати Алюминийи Тоҷик, то кунун беш аз 80 дарсади корҳои умронӣ ва насби таҷҳизот дар муҷтамаъ ба итмом расидааст.