Июл 30, 2020 12:42 Asia/Dushanbe
  • Эҳдои ду дастгоҳи худрави ҳамли бемор аз суи Туркия ба Тоҷикистон

Туркия ду дастгоҳ худрави ҳамлу нақли бемор ( ёрии таъҷилӣ ) ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон эҳдо кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , намояндагии Ожонси ҳамкорӣ ва тавсиаи байналмилаллии Туркия  (TIKA ) дар Тоҷикистон дар маросими таҳвили ин теъдод худрав Ҷамолиддин Абдулозода , вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон , Ториқ Майитӣ ҳамоҳангкунандаи барномаи TIKA дар Тоҷикистон ва масулони маҳаллӣ ҳузур доштанд.

Ҷамолиддин Абдулозода дар ин маросим гуфт ; кумаки намояндагии Ожонси ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии Туркия дар Тоҷикистон истимрори ҳамкории судманди дуҷониба байни ду кишвари дӯст аст.