Июл 31, 2020 18:25 Asia/Dushanbe
  • Теъдоди воқеии бекорон дар Бадахшон: Чаҳор баробари омори расмӣ

Раиси вилояти Бадахшон эълом кард, ки теъдоди воқеии бекорон дар ин минтақа чаҳор баробари омори расмӣ аст.

Ба гузориши сомонаи “ТОП Тҷ”, Ёдгор Файзов рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон гуфт, бар асоси омори расмӣ дар ин минтақа чаҳор ҳазору 327 нафар ба унвони афроди бекор сабтином шудаанд, аммо дар асл теъдоди бекорони воқеӣ дар ин минтақаи кӯҳистонӣ беш аз 16 ҳазор нафар аст.

Вай таъкид кардааст, ки бо вуҷуди вогузории тарҳҳои мухталиф дар музоядаҳо ба ширкатҳои маҳаллӣ ва роҳандозии коргоҳҳои сохти мебел ва дӯзандагӣ дар вилояти Бадахшон, шумори афроди бекор ҳамчунон боло аст.

Ба гуфтаи раиси вилояти Бадахшон, дар ҳамоиши фурсатҳои сармоягузорӣ, ки соли 2019 дар ин вилоят баргузор шуд, аз 25 тарҳи ироашуда панҷ тарҳ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, аммо ба далели густариши вируси корона сармоягузорон ҳозир нашуданд ин тарҳҳоро иҷро кунанд.

Файзов дар ин нишасти хабарӣ ҳамчунин бо ишора ба ин ки Бадахшон гаронтарин барқро дар саросари Тоҷикистон дорад гуфт, дар сурат ба баҳрабардорӣ расидани нерӯгоҳи обии “Себзор” низ коҳиши қимати барқ дар Бадахшон ба далели ҳазинаи болои молӣ ва сардсер будани минтақа ғайримумкин аст.