Убури як сайёра аз канори замин
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56003-Убури_як_сайёра_аз_канори_замин
Мудири Муссисаи нуҷуми Тоҷикистон: 5 август як сайёра аз канори замин убур мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 01, 2020 08:04 Asia/Dushanbe
  • Убури як сайёра аз канори замин

Мудири Муссисаи нуҷуми Тоҷикистон: 5 август як сайёра аз канори замин убур мекунад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс, Гулчеҳра Қоҳирова- мудири Муассисаи ахтарфизикаи Академияи миллии илми Тоҷикистон гуфт: 5 август соати 15:35 дақиқа ба вақти маҳаллӣ, сайёраи кучаке ба андозаи ҳудуди 190 метр бо фосилаи ҳудуди 2 миллиону 700 ҳазор киломтр аз канори замин убур хоҳад кард.

Вай гуфт: Фосилае, ки ин сайёра ба замин наздик мешавад тақрибан ҳафт баробари фосилаи байни замин ва моҳ аст бино барин хатари бархурд бо замин вуҷуд надорад.

Мудири Муассисаи ахтарфизикаи Академияи миллии илми Тоҷикистон афзуд: Ин муассиса аз телескопҳо ва таҷҳизоти пешрафта барои муҳосибаи дақиқи мушаххасоти ин сайёра истифода мекунад ва натиҷаҳоро эълом хоҳад кард.

Гулчеҳра Қоҳирова гуфт: Бар асоси мушоҳидоти ахтаршиносон, солона ҳудуди 200 сайёра аз наздики замин убур мекунанд, онҳо маъмулан барои фазопаймоҳо хатарноктар аз сокинони замин ҳастанд.