Сафари коршиносони Созмони тандурустии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56004-Сафари_коршиносони_Созмони_тандурустии_ҷаҳонӣ_ба_Тоҷикистон
Мутахассисони Созмони тандурустии ҷаҳонӣ бо даъвати мақомоти Тоҷикистон вориди ин кишвар шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 01, 2020 08:28 Asia/Dushanbe
  • Сафари коршиносони Созмони тандурустии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

Мутахассисони Созмони тандурустии ҷаҳонӣ бо даъвати мақомоти Тоҷикистон вориди ин кишвар шуданд.

Ба гузориши Садои Хуросон ва бар асоси гузориши намояндагии Созмони тандурустии ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, коршиносони ин созмон дар ин сафар ба гурӯҳи кории миллӣ барои тақвияти хадамоти озмоишгоҳӣ дар посух ба корона ва ҳамчунин сохтори озмоишгоҳи Маркази амалиёти изтирории беҳдошти умумӣ кумак хоҳанд кард.

Ҳамчунин гурӯҳи 7 нафараи мутахассисони «Роспотребнадзор»-и Русия, ки шомили ин ҳайат ҳастанд, аз системаи мавҷуди баррасии натиҷаҳои озмоишгоҳӣ ва ҳамчунин ҷараёни натиҷаҳо дар Тоҷикистон ,баррасиву таҳлил ва иқдомоти дақиқеро барои тақвияти системаи мудирияти натиҷаҳои озмоишгоҳии КОВИД -19 пешниҳод мекунанд.

 Тибқи барнома дар ин боздид системаҳои озмоиш ва муаррифҳое, ки аз суи «Росподребнадзор»таҳия шудааст, барои анҷоми 20 ҳазор озмоиши ташхиси корона дар ихтиёри ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон қарор дода мешаванд.

То кунун «Роспотребнадзор» ба Тоҷикистон ройгон барои анҷоми 50 ҳазор озмоиши корона таҷҳизоти лозим додааст.