Август 01, 2020 13:33 Asia/Dushanbe
  • Баргузории саршумории аҳолии Тоҷикистон аз аввали моҳи октябр

Саршумории аҳолии Тоҷикистон аз ибтидои моҳи октябри имсол оғоз мешавад.

Ба гузориши Садои Хуросон , ба нақл аз Спутник,ин саршуморӣ 5 рӯз идома дорад.

Ҳудуди 30 ҳазор нафар корманд аҳолии  Тоҷикистонро саршуморӣ мекунанд.

 Пеш аз ин ожонси омори Тоҷикистон барномае мутобиқ бо шеваномаҳои навини ҷаҳонӣ барои баргузории саршуморӣ таҳия кардааст.

Муродов-раиси идораи саршумории аҳолии Тоҷикистон гуфт: Ин саршуморӣ ба ду равиши дастӣ бо истифода аз пурсишнома ва электроникӣ анҷом мешавад.

 Муродов афзуд: Равиши пурсишнома барои саршумории сокинони манотиқи дӯрафтодаи кишвар, ки ба интернет дастрасӣ надоранд муносибтар аст. Ӯ изҳор кард: 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар манотиқи дурафтодаи рустоӣ зиндагӣ мекунанд.

Раиси идораи саршумории аҳолии Тоҷикистон тасреҳ кард, пас аз поёни саршуморӣ аз декабри 2020 то августи 2021 , тамоми иттилооти пурсишномаҳо пардозиш ва натиҷаи ниҳоӣ сентябри 2021 эълом мешавад.

 Охирин саршумории Тоҷикистон даҳ сол пеш анҷом шуд.

 Созмони Миллали Муттаҳид пешбинӣ кардааст,ки теъдоди сокинони ин кишвар дар соли 2095 ба 18 миллиону 700 ҳазор нафар хоҳад расид.

 Тоҷикистон аз нигоҳи рушди солиёнаи аҳолӣ дар миёни кишварҳои узви ИДМ дар мақоми нахуст қарор дорад.