Август 01, 2020 18:49 Asia/Dushanbe
  • Хабари хуши Барқи Тоҷик барои шаҳрвандони Тоҷикистон

Сухангӯи ширкати давлатии Барқи Тоҷик аз эҳтимоли лимита нашудани барқ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, Нозирҷон Ёдгорӣ гуфтааст, ки бар асоси мушоҳидоти рӯзҳои ахир мизони вуруди об ба садди неругоҳи барқи обии Норак афзоиш ёфта ва ба эҳтимоли зиёд лимитаи барқ дар Тоҷикистон иҷро нахоҳад шуд.

Вай таъкид кардааст, ки барои таъмини ниёзи кишвар бо барқ, ширкати давлатии Барқи Тоҷик бо вуҷуди тааҳҳудоти қаблии хеш иқдом ба қатъи содироти барқ ба Узбакистон ва Афғонистон кард.

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 28 июл бо интишори паёме аз мардуми кишвар хоста буд бо дарки воқеияти коҳиши мизони захираҳои об дар садди неругоҳҳои барқи обӣ, иқдоми ширкати Барқи Тоҷик бар асоси лимитаи барқро дарк кунанд.

Дар ин паём таъкид шуда буд, ки мардуми Тоҷикистон аз рӯзи 17 январи соли 2017 то ба ҳол ба таври 24 соата бо барқ таъмин буданд, аммо ба далели коҳиши бориш дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистони гузашта акнун мизони об дар ду рӯдхонаи Панҷ ва Вахш 50 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ин паём афзуда буд бо кам шудани оби ду рӯдхонаи Панҷ ва Вахш захираи оби садди неругоҳи барқи обии Норак 17 метр кам шудааст, ки таъмини барқ дар фасли зимистонро бо хатар рӯ ба рӯ месозад.

 

Барчасп