Таҳияи филми мустанад дар бораи шаҳри бостонии Саразм
(last modified Sun, 02 Aug 2020 02:56:33 GMT )
Август 02, 2020 07:56 Asia/Dushanbe
  • Таҳияи филми мустанад дар бораи шаҳри бостонии Саразм

Студияи Тоҷикфилм таҳияи филми мустанад бахшида ба ҷашни 5500 солагии шаҳри бостонии Саразмро оғоз кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Толиб Ғайбуллозода- муовини студияи Тоҷикфилм гуфтааст, ки ин филми мустанад бо номи "Асрори Саразм" ба се забони форсии тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барои намоиш дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 5500 солагии шаҳри бостонии Саразм дар моҳи сентябри имсол омода хоҳад шуд.

Ин филм шомили осори фаъолитҳои бостоншиносон, мусоҳиба бо донишмандони улуми таърих ва ашиёи ба дастомада аз ковушҳо дар ин макон, ки дар осорхонаи шаҳри Панҷакент мавҷуд аст, мешавад.

Шаҳри бостонии Саразм, ки дар паи ковушҳои бостоншиносон дар соли 1974 кашф шуд дар 15 километрии ғарби маркази ноҳияи Панҷакент вилояти Суғд ва 45 километрии шаҳри Самарқанди Узбакистон воқеъ шудааст.

Ин шаҳр дар соли 2010 дар рӯйхати осори ҷаҳонии Созмони ЮНЕСКО қарор гирифт.

Бар асоси бароварди бостоншиносон, ин ноҳияи таърихӣ 130 гектар вусъат дорад ва қидмати он 5500 сол аст.

Ашиёи бостонии ба дастомада аз ин муҳавватаи бостонӣ, ки теъдоде аз онҳо мутааллиқ ба даврони ҳахоманишӣ аст дар осорхонаи шаҳри Панҷакент ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.