Инкори дастгирии саркардаи гуруҳаки Тундар Шормаҳд
(last modified Mon, 03 Aug 2020 12:09:11 GMT )
Август 03, 2020 17:09 Asia/Dushanbe
  • Инкори дастгирии саркардаи гуруҳаки Тундар Шормаҳд

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон хабари боздошти Ҷамшед Шормаҳд, саркардаи гуруҳаки Тундар дар ин кишварро инкор кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ, ба нақл аз Исна, дар пайи такзиби иддаои бархе расонаҳо мабни бар дастгирии саркардаи гурӯҳаки Тундар дар Тоҷикистон аз сӯи Вазорат иттилооти Эрон ,вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ хабари дастгирии саркардаи гурӯҳаки Тундар дар ин кишварро рад кард. 
 
Рамазон Раҳимзода дар шаҳри Душанбе гуфт:, ки ин хабарро аз расонаҳо шунидааст. 
 
Ба гуфтаи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Шормаҳд " аз тарафи мақомоти умури дохилӣ (полис) на касе дастгир шудааст ва на интиқол (дода) шудааст." 
 
 Мақомоти Тоҷикистон мегӯяанд, бо вуҷуди тавофуқи Эрон ва Тоҷикистон дар бораи истирдоди муҷримин, дар шаш моҳи аввали соли 2020 миёни ин ду кишвар ҳеҷ мавриди истирдод сурат нагирифтааст. 
 
 Вазорати иттилооти Эрон ду рӯз пеш расман эълом кард, ки Шормаҳдро дастгир кардааст. 
 
 Пас аз эъломи дастгирии Шормаҳд бархе расонаҳо иддао карданд, ки саркардаи гурӯҳаки Тундар дар Тоҷикистон дастгир шудааст, ки вазорати иттилоот кишвармон бо такзиби ин иддао тасреҳ кард: ҳаргуна иттилооти расмӣ дар бораи иқдомоти сарбозони гумноми Имоми замон (аҷ) дар қолаби баёния аз тариқи равобити умумии вазорати иттилоот мунташир мешавад. 
 
 Равобити умумии Вазорати иттилоот эълом кард: ҳаргуна гумоназании матраҳшуда дар расонаҳо дар бораи наҳваи дастгирии Ҷамшед Шормаҳд, раиси «анҷуман подшоҳии Эрон» такзиб мешавад. 
 
Равобити умумии Вазорати иттилоот ҳамчунин бо таъкид бар ин, ки ҳаргуна иттилоои  расмӣ дар бораи иқдомот сарбозони гумноми Имоми замон (аҷ) дар қолаби баёния аз тариқи равобити умумии Вазорати иттилоот мунташир мешавад, ба иддаои бархе расонаҳо мабни бар дастгирии саркардаи гурӯҳаки Тундар дар Тоҷикистон ишора ва таъкид кард: ин хабар шадидан такзиб мешавад.