Август 03, 2020 17:43 Asia/Dushanbe
  • Баррасии авзои марзии Тоҷикистон ва Афғонистон

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар сафари худ ба минтақаи Бадахшон, авзои марзии кишвар бо Афғонистонро баррасӣ кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ ба нақл аз Спутник, Рамазон Раҳимзода дар нишасти хабарӣ гуфт: Вазъият дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ором аст.

Ӯ афзуд: Маъмурони полис ва марзбонони Тоҷикситон бо ҳамкории якдигар вазъияти марзро назорат мекунанд.

Пас аз ин Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа дар Шурои амнияти ин кишвар аз вазъияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ибрози нигаронӣ карда буд. Тоҷикистон ва Афғонистон бо якдигар 1300 километр марзи муштарак доранд.