Август 04, 2020 09:32 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии 83 корхона аз оғози имсол дар Тоҷикистон

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт: Аз оғози имсол то кунун 83 корхона дар кишвар таъсис шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Завқӣ Завқизода афзуд: 1135 нафар низ дар ин воҳидҳои саноатӣ машғул ба кор шуданд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт: 34 корхона дар Суғд, 21 корхона дар Хатлон, 13 корхона дар шаҳри Душанбе, 13 корхона дар атрофи шаҳри Душанбе ва 2 корхона дар Бадахшон роҳандозӣ шуд.

Ӯ арзиши тавлидоти ин воҳидҳои саноатиро 13 миллиарду 137 миллион сомонӣ эълом кард.