Тақвияти тадбирҳои вижа барои ҷилавгирӣ аз шуйюи корона дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56113-Тақвияти_тадбирҳои_вижа_барои_ҷилавгирӣ_аз_шуйюи_корона_дар_шаҳри_Хуҷанди_Тоҷикистон
Бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз шуйюи мавҷи дувуми корона дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон тадбирҳои вижае иҷро мешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 04, 2020 10:48 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти тадбирҳои вижа барои ҷилавгирӣ аз шуйюи корона дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон

Бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз шуйюи мавҷи дувуми корона дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон тадбирҳои вижае иҷро мешавад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон,тақвияти тадбирҳои ҷилавгирӣ аз шуйюи корона дар вилояти Суғди Тоҷикистон дар ҷаласае бо ҳузури намояндагони масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Эҳсон Саидов, раиси Маркази назорати беҳдошти умумии шаҳри Хуҷанд дар ин ҷаласа гуфт: Пас аз шуйюи бемории корона шеваи зиндагии шаҳрвандон барои пешгирӣ аз ибтило ба ин беморӣ тағйир кардааст.

Вай афзуд: Ҳамаи ин иқдомот бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз шуруи мавҷи  дувуми беморӣ иҷро мешавад.