Август 04, 2020 11:18 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 274 узви созмонҳои террористӣ дар Тоҷикистон

Дар шаш моҳи аввали имсол 274 узви созмонҳои ифротӣ ва террористӣ дар Тоҷикистон боздошт шуданд.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон гуфт: Аз ин теъдод афроди боздоштшуда, 203 нафар узви Ихвонулмуслимин, 17 нафар узви Салафия, чаҳор нафар узви Гуруҳи 24, 3 нафар узви Алқоида, 2 нафар узви Ҳизбутаҳрир, 1 нафар узви Толибон ва мобақӣ аз аъзои гуруҳҳои мухталиф дар Тоҷикистон буданд.

Ӯ афзуд: Дар ин муддат ду ҳамлаи террористӣ дар минтақаҳои Шаҳри нав ва Рашт низ безарар гардонида шуд.

Ба гуфтаи вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ин ҳамлаҳои террористӣ аз сӯи як созмони ифротӣ алайҳи кормандони Вазорати корҳои дохила барномарезӣ шуда буд.