Август 04, 2020 12:04 Asia/Dushanbe
  • Баргузории размоиш дар минтақаи Бадахшон

Размоиши неруҳои низомӣ дар Бадахшон дар ҳоли иҷро аст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, ҳадафи ин размоиш тамрини инҳидоми мавзеъҳо ва дафъи ҳамалоти террористҳо дар сурати ҳамлаи эҳтимолӣ аст. Генерал Фаридун Муҳаммадализода, раиси Маркази матбуотии Вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфт: 10 ҳазор нафар аз неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ин размоиш ширкат карданд.

Ӯ афзуд: Ҳамчунин дар ин давра аз тамринот анвоъи адавоти ҷангӣ, болгард, ҳавопаймо ва худравҳои низомӣ бакор гирифта шудааст.

Генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифоъи Тоҷикистон фармондеҳии ин размоишро бар уҳда дорад.

Размоиши минтақаи Бадахшон то 5 август идома дорад.