Август 04, 2020 19:03 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашни арӯсӣ дар Хуҷанд танҳо пас аз озмоиши корона

Ба дастури шаҳрдори Хуҷанд тамоми ҷашнҳои арӯсӣ дар маркази вилояти Суғд танҳо пас аз таъйиди манфӣ будани натиҷаи озмоиши короноии арӯсу домод ва меҳмонҳо ва бо теъдоди андак меҳмонон имконпазир хоҳад буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи  спутник , Маъруфи Муҳаммадзода имрӯз  сешанбе дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт : Далели ин иқдом он аст, ки саломатии сокинони ин шаҳр дар шароити густариши вируси корона аҳамият дорад . Вай ҳамчунин таҳдид кард он идда аз марокизи тиҷорӣ, ки тавсияҳои беҳдоштиро муроот намекунанд , бидуни ҳушдори қаблӣ баста хоҳанд шуд .Муҳаммадзода  гуфт : Дар рӯзҳои ахир мушоҳида шудааст, ки бархе аз марокизи тиҷорӣ , ресторанҳо , ғизохўри‌ҳо , қаҳвахонаҳо ва ороишгоҳҳо муқаррароти беҳдоштӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши бемории Ковид-19-ро риоят накарда ва сокинони шаҳри Хуҷанд низ ба тавсияҳои пизишкон бетавваҷӯҳ шудаанд. Аз ин рӯ дар чорчӯби барномаи мубориза бо густариши вируси корона бо ин марокиз бархӯрди ҷиддӣ хоҳад шуд . Аз сӯи  дигар Маърӯф  Ҳоҷибоев  масъули идораи беҳдошти вилояти Суғд гуфтааст, ки тайи 10 рӯзи ахир теъдоди мубталоён ба бемории Ковид-19 дар қаламрави ин минтақа афзоиш ёфтааст, ки нишон медиҳад мавҷи дувуми ин беморӣ, ки дар кишварҳои ҳамсоя мушоҳида мешавад метавонад ба шимоли Тоҷикистон низ сироят кунад .