Октябр 08, 2016 09:51 Asia/Dushanbe
  • Талоши саноатӣ ва рақобатпазир кардани иқтисоди Тоҷикистон

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон эълом кард, дар ин кишвар барномаи роҳбурдиеро ҷиҳати тағйири иқтисод ба самти саноатӣ ва рақобатпазир шудан тай солҳои 2016-2020 ба унвони ҷузъе аз тарҳи миллии пешрафти ин ҷумҳурӣ то соли 2030 амалӣ хоҳад кард.

Ба гузориши сайти "Авесто", дар тавзеҳи ин барнома таъкид шудааст, дар ростои ин тарҳ беҳбуд бахшидани шароит, ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва имконоти бахши соҳибкории дохилӣ дар авлавият хоҳад буд. Бар асоси ин гузориш, Кумитаи давлатии амвол ва сармоягузории Тоҷикистон аз ҷалби 456 миллион доллари манобеи молии хориҷӣ барои рушди иқтисоди ин кишвар тайи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ хабар додааст, ки беш аз 220 миллион доллари ин маблағ сармоягузории мустақим ба ҳисоб меравад. Ин шохис нишон медиҳад, ки тайи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ мизони сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 7 дарсад афзоиш ёфтааст.

Бо ин ҳол, дар соли ҷорӣ мизони сармояи моли хориҷие, ки барои рушди бахши саноати Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтааст, ба беш аз 213 миллион доллар мерасад, ки баробар бо 80 дарсад аз барномаи пешбинишуда мебошад.

Бахши умдаи сармоягузории хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистонро қарзҳои молии Чин ташкил медиҳад.