Август 05, 2020 11:14 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Аморот

Парвозҳои муназзам дар масири Душанбе - Дубай - Душанбе аз сар гирифта шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс, қарор аст ҳавопаймое аз ширкати َФлой Дубайи Аморот имрӯз аз Дубай ба Душанбе парвоз кунад ва фардо 6 август ҳам ширкати Сомон Эйри Тоҷикистон аввалин парвози худро ба Аморот анҷом хоҳад дод.

Ҷамила Ҳусайнова- сухангӯи фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе дар ин замина ба Азия-Плюс гуфтааст: Ҳавопаймоии Аморот парвозро ба Душанбе аз 21 июл оғоз кард ва парвози имрӯз севумини онҳо хоҳад буд. Қабл аз шуйюи вируси корона ин ширкат ҳадди аксар се парвоз дар ҳафтаро анҷом медод.

Вай хотирнишон кард, ки Сомон Эир низ ба Дубай парвоз хоҳад дошт.

Сухангӯи фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе гуфт: Ҳануз иттилооти мувассақе дар бораи азсаргирии иртибототи ҳавоӣ бо дигар кишварҳо надорад.

Дар ҳамин ҳол ширкати Сомон Эйр эълом кард: Пазириши мусофир барои парвоз дар ҳавопаймоҳои ин ширкат таҳти тадбирҳои шадиди беҳдоштӣ сурат хоҳад гирифт.

 

Барчасп