Август 05, 2020 20:53 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷаласаи севуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон

Ҷаласаи севуми Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши “Ховар”, ин ҷаласа ба раёсати Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуд.

Наврӯз Қурбонзода, дастёри раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон гуфт, дар ин ҷаласа 10 лоиҳа баррасӣ шуд.

Вай гуфт, мубориза бо фасод, равнақи гардишгарӣ, бимаи иҷбории шаҳрвандони васоили нақлия, ислоҳоти қонуни ҷиноии Тоҷикистон ва ислоҳи қонуни бонкдорӣ аз муҳимтарин мавзӯоти тарҳшуда дар ин ҷаласа буд.