Таъхир дар бозпардохти қарзҳои Тоҷикистон ба Чин
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56172-Таъхир_дар_бозпардохти_қарзҳои_Тоҷикистон_ба_Чин
Чин бозпардохти ақсоти вомҳои пардохтӣ ба Тоҷикистонро ба таъхир андохт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 05, 2020 16:38 Asia/Dushanbe
  • Таъхир дар бозпардохти қарзҳои Тоҷикистон ба Чин

Чин бозпардохти ақсоти вомҳои пардохтӣ ба Тоҷикистонро ба таъхир андохт.

Мақомоти чинӣ тасмим гирифтанд бозпардохти 40 миллион доллар қарзи Тоҷикистонро ба таъхир андозанд.

Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини вазири тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт, мақомоти Чин ин тасмимро ба далели густариш ва таъсироти манфии коронавирус дар иқтисоди Тоҷикистон гирифтаанд.

Ӯ гуфт, бидеҳии хориҷии Тоҷикистон дар нимаи аввали имсол ба 3 миллиарду 96 миллион доллар расид.

Пеш аз ин эълом шуда буд, ки Чин бо ҳадафи мубориза бо бемории корона бозпардохти бидеҳии 77 кишвари ҷаҳон ба бонкҳои чиниро ба таъхир андохтааст.