Авлавияти истихдоми занон дар гумруки Тоҷикистон
Масулони хадамоти гумруки Тоҷикистон эълон карданд , занон дар авлавияти истихдом ҳастанд.
Ба гузори радиои бурнмарзии Садои Хуросон , ба гуфтаи онҳо теъдоди занони мутахасис дар ин ҳавза бисёр андак аст ва хонаводаҳо ҳам иҷозаи кор ба духтарон дар ин бахшро намедиҳанд.
Хуршед Каримзода , раиси идораи гумруки Тоҷикистон гуфт ; тасмиме барои афзоиши тедоди мутахасисони зан дар постҳои гумрук гирифта шудааст.
Вай афзуд ; ҳам акнун 123 зан дар қисматҳои мухталифи хадамоти гумруки кишвар кор мекунанд ,ки 23 нафар аз онҳо мудир ҳастанд.
Гулҷаҳон Бобосаидова , раиси Созмони ғайридавлатии занони дорои таҳсилоти олии Тоҷикистон ҳам итминон дорад ,ки шароити душвори кор ва ақоиди суннатии бархе хонаводаҳо набояд баҳонае барои истихдом накардани занон дар сохторҳои давлатӣ шавад.
Ба гуфтаи вай агар масулон воқеан алоқамандон ба ҷазби теъдоди зиёде аз занон дар дастгоҳҳои иҷроӣ ҳастанд , ин кор бояд аз замони таҳсили онҳо дар мактабҳо ва муасисаҳои омӯзишӣ оғоз шавад.
Дар Тоҷикистон 17 ҳазор корманд дар Созмонҳои иҷроӣ кор мекунанд,ки аз ин теъдод 5 ҳазор нафар зан ҳастанд.