Афзоиши табодулоти тиҷории Тоҷикистон дар нимаи аввали имсол
(last modified Fri, 07 Aug 2020 12:09:09 GMT )
Август 07, 2020 17:09 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши табодулоти тиҷории Тоҷикистон дар нимаи аввали имсол

Табодулоти тиҷории Тоҷикистон дар нимаи аввали имсол афзоиш ёфт.

Ба гузориши вебгоҳи “Business Portal”, Хуршед Каримзода, раиси идораи Гумруки Тоҷикистон гуфт, гардиши молии тиҷорати хориҷии Тоҷикистони дар нимаи аввали соли ҷорӣ 2 миллиарду 144 миллион доллар буда, ки ин мизон нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 51 миллион доллар бештар шудааст.

Вай арзиши воридоти Тоҷикистон дар ин муддатро ҳам 1 миллиарду 500 миллион доллар эълом карду афзуд, ин мизон ҳудуди 51 миллиону 500 ҳазор доллар бештар аз нимаи аввали соли гузашта аст.

Хуршед Каримзода гуфт, дар ин муддати Тоҷикистон 640 миллиону 700 ҳазор доллар низ коло ба хориҷ содир карда, ки ҳудуди 102 миллиону 600 ҳазор доллар бештар аз нимаи аввали соли гузаштаи мелодӣ аст.

Хуршед Каримзода Туркия, Қазоқистон, Афғонистон, Ӯзбакистон, Чин, Русия, Белгия ва Италияро аз харидорони аслии колоҳои Тоҷикистон эълом кард.

Тоҷикистон бо 106 кишвари ҷаҳон табодулоти тиҷорӣ дорад.