Август 08, 2020 09:47 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳамкориҳои расонаии Тоҷикистон ва кишвари Фаластин

Ҳамкориҳои расонаии Тоҷикистон ва кишвари Фаластин афзоиш меёбад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ин ҳамкорӣ дар ҷаласаи муштараки имрӯзи Нуриддин Саид- раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ва Лавҳи Исо- сафири кишвари Фаластин дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Дар ин ҷаласа мақомоти ду кишвар тавсеаи равобити фарҳангӣ ва расонаиро барои муаррифии таърих ва тамаддун ва фарҳанги ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.

Дар ин ҷаласа ҳамчунин таъкид шуд, ки шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ дар Тоҷикистон барномаҳое ба забони арабӣ тавлид кунанд.