Август 09, 2020 07:58 Asia/Dushanbe
  • Дастгирии ду пизишк дар Хуҷанд ба иттиҳоми дарёфти ришва

Додситонии Хуҷанд ду пизишкро ба иттиҳоми дарёфти ришва дастгир кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Ивазҷон Назарзода- додситони Хуҷанд дар нишасте бо кадри дармонии бемористони шаҳр гуфт: Теъдоде аз пизишкон муртакиби фасоди молӣ шуданд.

Ӯ гуфт: Ба рағми иҷрои иқдомоти пешгирӣ аз вуқуи ҷурм чанд парвандаи қазоӣ алайҳи кормандони пизишкии минтақа ташкил шудааст.

Додситони Хуҷанд афзуд: Бо таваҷҷуҳ ба ҳимоятҳои молии давлат аз пизишкон дар муқоиса бо дигар аъзои кадри дармонии кишвар аммо ҳануз пизишконе ҳастанд, ки бо сӯирафтор, ҳайсияти худ ва ҳамкоронашонро ба хатар меандозанд ва боиси тазъифи эътимоди умумӣ мешаванд.

Додситони Хуҷанд гуфт: Пизишкон набояд олуда ба чунин ҷурмҳое шаванд зеро ин рафтор сабаби таҳқири онҳо дар ҷомеа хоҳад шуд.

Ивазҷон Назарзода ҳамчунин аз маҳкум шудани раиси муассисаи муроқибатҳои пизишкии Истаравшан ба ҷурми дарёфти ришва хабар дод.