Шиносоии чанд мавриди мусбати КОВИД-19 дар як деҳаи Тоҷикистон
(last modified 2020-08-09T06:38:27+00:00 )
Август 09, 2020 11:38 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии чанд мавриди мусбати КОВИД-19 дар як деҳаи Тоҷикистон

Мақомоти тандурустии ноҳияи Деваштиҷи вилояти Суғд аз таъйиди чаҳор мавриди мусбати КОВИД-19 дар деҳаи Басманда хабар додаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин деҳа бо 12 ҳазор нафар ҷамъият дар 30 километрии маркази ноҳияи Деваштиҷ воқеъ шуда ва акнун тамомии афроди мубтало ба КОВИД-19 дар бемористони марказии ин минтақа бистарӣ шудаанд.

17 нафар низ ба гумони мубтало шудан ба ин беморӣ дар хонаҳои хеш таҳти дармони пизишкон қарор гирифтаанд ва ҳоли онон ризоятбахш аст.

Гуфта мешавад, ки 60 пизишк аз дигар минтақаҳои ин ноҳия барои баррасии далелҳои мубтало шудани сокинони деҳаи Басманда ба ин деҳа омада машғули таҳқиқ ҳастанд.

Бар асоси эъломи Вазорати тандурустии Тоҷикистон то субҳи рӯзи якшанбе нуҳуми августи 2020 теъдоди мубталоён ба КОВИД-19 дар ин кишвар ба 7 ҳазору 745 нафар расида ва 62 нафар низ фавт кардаанд.