Август 09, 2020 12:40 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши даромади муҳоҷирон ва иҷро нашудани бахши даромадии буҷети ҳукумати Тоҷикистон

Коҳиши шадиди даромади ирсолии коргарони муҳоҷир ва иҷро нашудани бахши даромадии буҷети ҳукумати Тоҷикистон ба далели густариши вируси корона таъсири қобили мулоҳизае бар иқтисоди ин кишвар расондааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи pressa.tj, Бонки ҷаҳонӣ эълом кард дар шаш моҳи нахусти имсол мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба далели густариши вируси корона дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 80 дарсад баробар бо беш аз як миллиарду 250 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи мақомоти Хадамоти давлатии андози Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол иҷрои бахши даромадии буҷети ҳукумат танҳо наздик ба 93 дарсад таъмин шуда, ки ба маънои пардохт нашудани 372 миллион сомонӣ андоз аст.

Таътили марокизи тавлидӣ, саноатӣ ва хадамотӣ ба далели густариши вируси корона дар шаш моҳи нахусти имсол муҷиби коҳиши даромадҳои андозӣ шуда ва пардохти маош ва дастмузди кормандон ва бознишастагонро бо мушкил рӯбарӯ кардааст.

Аз сӯи дигар беш аз 12 ҳазор нафар аз фаъолони бахши хусусӣ дар шаш моҳи нахусти имсол иҷозатномаи худро ба далелҳои мухталиф бекор кардаанд, ки ин масъала низ муҷиби коҳиши андози пардохтӣ ва таъмин нашудани бахши даромадии буҷети ҳукумати Тоҷикистон шудааст.

Барчасп