Ширкати Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти вазирони Осиёи Миёна ва Ҷопон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56320-Ширкати_Вазири_умури_хориҷаи_Тоҷикистон_дар_нишасти_вазирони_Осиёи_Миёна_ва_Ҷопон
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти вазирони "Осиёи Миёна ва Ҷопон" ширкат хоҳад кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 10, 2020 15:58 Asia/Dushanbe
  • Ширкати Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти вазирони Осиёи Миёна ва Ҷопон

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти вазирони "Осиёи Миёна ва Ҷопон" ширкат хоҳад кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ,  вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Меҳриддин 11 август дар нишасти видеоконференсиявӣ ширкат хоҳад кард.

Дар ин нишаст вазириони корҳои хориҷаи Ҷопон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистон ҳузур хоҳанд дошт.

Баррасии вазъияти шуюи корона дар кишварҳои Осиёи Миёна ва роҳҳои муқобила бо он ва ҳамчунин чигунагии тавсеаи ҳамкорӣ аз дигар мавзӯоти ин нишаст аст.