Эъломи далели даст ба худкушӣ задани вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон
(last modified Tue, 11 Aug 2020 14:20:19 GMT )
Август 11, 2020 19:20 Asia/Dushanbe
  • Эъломи далели даст ба худкушӣ задани вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон

Додситонии кулли Тоҷикистон ихтилофи хонаводагиро далели даст ба худкушӣ задани вазири ҳамлу нақли ин кишвар эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутаник, додситони кулли Тоҷикистон дар иттилоияе, аз қасди худкушии Худоёр Худоёрзода вазири ҳамлу нақли ин кишвар хабар дод. 
 
Дар ин иттилоия омадааст, ки Худоёр Худоёрзодаи 62 сола, вазири ҳамлу нақл Тоҷикистон тақрибан соати панҷи бомдоди имрӯз дар паи муноқишаи хонаводагӣ дар хонаи худ дар шаҳр Душанбе бо ҳадафи худкушӣ бо чоқу худро захмӣ карда, аммо аъзои хонаводааш, ки ҳангоми ҳодиса дар хона ҳузур доштанд, ӯро ба бемористон мунтақил кардаанд. 
 
Худоёрзода баъд аз амали ҷарроҳӣ дар бемористони истиқлоли шаҳри душанбе бистарӣ аст ва пизишкон вазъияти вайро мутаодил арзёбӣ мекунанд. 
 
 Ҷузиёти ин муноқиша ва далоили даст ба худкушӣ задани вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон феълан равшан нест ва хонаводааш то кунун дар ин замина бо расонаҳо сӯҳбат накардаанд. 
 
 Бинобар гузориши додситони кулли Тоҷикистон дар паи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ гушуда шуда ва таҳқиқот идома дорад. 
 
 Худоёр Худоёрзода аз январ сол 2017 симмати вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад.

Вай ҳамчунин дар солҳои мухталиф ба унвони намояндаи маҷлис вилояти Бадахшон ва узви маҷлис милли Тоҷикистон фаъолият кардааст.