Август 12, 2020 08:28 Asia/Dushanbe
  • Барқи Тоҷик: Норак пур об шавад лимити барқ нахоҳем дошт

Мақомоти ширкати давлатии Барқи Тоҷик эълом карданд, агар баландии оби пушти сади 300 метрии неругоҳи барқи обии Норак 15 метри дигар афзоиш ёбад эҳтимол дорад лимити барқ дар Тоҷикистон ҷорӣ нашавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, мақомоти ширкати Барқи Тоҷик гуфтаанд: Барои пур шудани сади неругоҳи Норак бояд баландии об ба 910 метр бирасад, ки бо афзоиши вуруди об дар рӯзҳои ахир интизор меравад дар моҳи октябр ин иттифоқ биафтад ва дар ин сурат заминаи ҷорӣ нашудани лимити барқ  дар Тоҷикистон фароҳам мегардад.

Акнун баландии оби сади неругоҳи Норак  895 метр аст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 13-у ним метр камтар аст.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон дар ҳар шабонарӯз 47 миллиону 400 ҳазор киловатт соат барқ тавлид мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар давраи мушобеҳи соли қабл дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз 52 миллион киловатт соат барқ тавлид мешуд, ки 41 миллион киловатт соати он дар дохили кишвар масраф мегардид.

Коҳиши тавлиди барқи Тоҷикистон муҷиби қатъи интиқоли барқ ба Афғонистон ва Узбакистон шудааст.