Интишори манобеи илмӣ дар бораи 5500 солагии Саразми бостон
(last modified Wed, 12 Aug 2020 10:01:43 GMT )
Август 12, 2020 15:01 Asia/Dushanbe
  • Интишори манобеи илмӣ дар бораи 5500 солагии Саразми бостон

Раиси Фарҳангистони илми Тоҷикистон аз интишори ҳафт китоб ва ду маҷмӯаи мақолоти илмӣ дар бораи 5500 солагии Саразми бостон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Фарҳод Раҳимӣ гуфтааст, ки дар чорчуби барномаи таҷлил аз 5500 солагии шаҳри бостонии Саразм ҳафт китобу ду маҷмӯа мақолоти донишмандони тоҷик ва хориҷӣ мунташир гардида, ки ду китоби марҳум Абдуллоҳҷон Исҳоқӣ- нахустин кошифи Саразм бо номи "Саразм оғози тамаддуни тоҷикон" ба забони тоҷикӣ ва "Таърихи Саразм" ба забони русӣ аз он ҷумла аст.

Ҳамчунин маҷмӯаи мақолоти Рулонд Бизинвал- муҳаққиқи фаронсавӣ ба забонҳои англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ, китоби Саидмурод Бостонгавҳар ва Абдурраъуф Раззоқов бо унвони "Нақшаи ҷуғрофиёии болои оби рӯдхонаи Зарафшон" дар ду ҷилд мунташир шуд, ки паҳлӯҳои мухталифи осори бадастомада аз ковушҳои бостоншиносон дар ин шаҳрро дар бар мегирад.

Ба гуфтаи раиси Фарҳангистони илми Тоҷикистон дар рӯзҳои 11 ва 12 сентябр бо мушорикати донишмдони дохилӣ ва хориҷӣ дар шаҳри Панҷакент бо баргузории ҳамоиши байналмиллалӣ аз 5500 солагии Саразми бостон таҷлил хоҳад шуд.

Шаҳри бостонии Саразм, ки дар паи ковушҳои бостоншиносон дар соли 1974 кашф шуд дар 15 километрии ғарби маркази ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ва 45 километрии шаҳри Самарқанди Узбакистон воқеъ шудааст.

Ин шаҳр дар соли 2010 дар рӯйхатти осори ҷаҳонии Созмони ЮНЕСКО қарор гирифт.