Август 13, 2020 07:46 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории ду миллиарду 500 миллион долларии  IFC дар Осиёи марказӣ

Ширкати молӣ байналмилаллии ( IFC ) барои ҳимоят аз бахши хусусӣ дар Осиёи марказӣ ду миллиарду 500 миллион доллар сармоягузори кард.

Ба нақл аз Вебгоҳи ширкати моли байналмилаллӣ , ин ниҳоди молӣ аз рушди бахши хусусӣ дар Аврупо ва Осиёи миёна дар як соли гузашта ҳимоят кардааст.

Ширкати моли байналмилаллии IFC  яке аз муасисоти вобаста ба Бонки ҷаҳонӣ аст аммо аз назари қонунӣ ва ҳуқуқӣ комилан мустақил амал мекунад.

Ин ниҳоди моли байналмилаллӣ ба ду муасисаи пулии Арванд ва Ҳумму дар Тоҷикистон тасҳилот пардохт кард ,ки ин ду Бонк пас аз дарёфти Вом тавонистанд бо пардохти тасҳилот ба муштариёни худ тарҳҳои хурди сохти масканро ба поён бирасонанд.

Ширкати молӣ байналмилаллӣ ҳамчунин барои тақвияти иқтисоди сабз дар Осиёи марказӣ , аввалин музоида истифода аз сомонаҳои энержии хуршедиро дар Узбакистон баргузор кард.

Ширкати молӣ байналмилаллӣ дар мудати ёдшуда аз тариқи 25 Бонки ширкаткунанда дар барномаи тиҷорати ҷаҳонӣ ҳудуди 657 миллион доллар аз тиҷорати минтақаҳои марзиро ҳимоят кардааст.

 

Барчасп