Кӯмаки билоивази Бонки тавсеаи Осиё ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56470-Кӯмаки_билоивази_Бонки_тавсеаи_Осиё_ба_Тоҷикистон
Бонки тавсеаи Осиё барои тавсеаи саноати гардишгарӣ ба Тоҷикистон кӯмаки билоиваз пардохт мекунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 14, 2020 20:22 Asia/Dushanbe
  • Кӯмаки билоивази Бонки тавсеаи Осиё ба Тоҷикистон

Бонки тавсеаи Осиё барои тавсеаи саноати гардишгарӣ ба Тоҷикистон кӯмаки билоиваз пардохт мекунад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, ин маблағи даҳ миллион долларӣ барои мараммати биноҳои тарихӣ ва тавсеаи саноати бумгардӣ ба Тоҷикистон эҳдо хоҳад шуд.

Тоҷикистон аввалин кишварест, ки ин кӯмаки билоивазро аз Бонки тавсеаи Осиё дарёфт мекунад.

Тоҷикистон ҳамчунин бо Созмони ҷаҳонгардии Созмони милал  (UNWTO),  сандуқи коҳиши фақр низ қарордодҳое имзо кардааст.