Август 14, 2020 20:34 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо сафири Ҳинд дар Душанбе

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо сафири Ҳинд дар Душанбе дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи парламенти Тоҷикистон , Муҳаммадтоҳир Зокирзода, бо Вироҷ Синг сафири Ҳиндустон дар Душнбе дидор ва гуфтугӯ кард. 
Муҳаммадато Султонов сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо эълом ин матлаб гуфт: дар мулоқот ду тараф дурнмои ҳамкориҳои байни парлумонии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баҳс ва баррасӣ шуд. 
 
Вай афзуд: дар ин мулоқот таъкид шуд, ки Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба тавсеа ва густариши муносибот бо Ҳинд таваҷҷӯҳи  вижа кунад. 
 
Мақомоти Тоҷикистон ва Ҳиндустон аз соли 1991 то кунун 70 тавофуқнома барои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф бо якдигар имзо карданд. 
 
Ҳудуди 80 ширкати ҳиндӣ дар Тоҷикстон фаъолият мекунанд.

Барчасп