Бозсозии ҷодаҳои ноҳяҳои Хоруғ ва Ишкошими минтақаи Бадахшон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56502-Бозсозии_ҷодаҳои_ноҳяҳои_Хоруғ_ва_Ишкошими_минтақаи_Бадахшон
Ҷодаҳои ноҳияҳои Хоруғ ва Ишкошими минтақаи Бадахшон дар ҳоли бозсозӣ аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 15, 2020 13:11 Asia/Dushanbe
  • Бозсозии ҷодаҳои ноҳяҳои Хоруғ ва Ишкошими минтақаи Бадахшон

Ҷодаҳои ноҳияҳои Хоруғ ва Ишкошими минтақаи Бадахшон дар ҳоли бозсозӣ аст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Дафтари иҷроии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ширкати умронии Понч саҳми басазоӣ дар мараммат ва бозсозии ин ҷодаҳо дорад.

Барномарезӣ шудааст 2 миллион сомонӣ барои мараммати ҷодаҳои минтақаи Ишкошим ва 2 миллион сомонӣ ҳам барои бозсозии дигар роҳҳои Бадахшон ҳазина шавад.

Дар ҳоли ҳозир навсозии масирҳо дар ҳоли иҷро аст ва ҳаррӯз 10 мошини боркаш, даҳҳо мошини василаҳои роҳсозӣ ва теъдоди зиёде коргар ҷодаҳоро бозсозӣ мекунанд.

Пешбинӣ шуда ба муносибати фаро расидани сиюмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон беҳсозӣ ва асфалти ҷодаҳои минтақаи Бадахшон ба поён бирасад.