Август 15, 2020 18:02 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи 83 воҳиди саноатӣ дар Тоҷикистон аз оғози имсол то кунун

Аз ибтидои имсол то кунун 83 корхонаи саноатӣ дар Тоҷикистон баҳрабардорӣ шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати саноати Тоҷикистон, бо ифтитоҳи ин теъдод воҳиди саноатӣ барои 1100 нафар шуғл эҷод шуд.

Вилояти Суғд бо 34 воҳиди тавлидӣ ва иштиғоли 407 нафар ҷойгоҳи нахуст ва Хатлон низ бо роҳандозии 21 ширкат ва иштиғоли 143 нафар дар ҷойгоҳи дувум қарор дорад.

Ҳамчунин ноҳияҳои тобеъи марказ низ бо фаъолияти 13 ширкат ва иштиғоли 77 нафар дар рутбаи севум қарор гирифт.

Шаҳри Душанбе ҳам бо 13 маркази саноатӣ ва бакоргирии 501 нафар ва минтақаи Бадахшон бо роҳандозии 2 корхона дар ҷойгоҳҳои баъдӣ қарор гирифтанд.

Аз миёни ширкатҳои ифтитоҳшуда, 29 ширкат дар бахши саноати ғизоӣ, 17 ширкат дар саноати сабук ,17 ширкат дар тавлиди масолеҳи сохтимонӣ ва 13 ширкат дар ҳавзаи муҳандисӣ фаъолият мекунанд, илова бар ин, 6 корхонаи ҷадид ҳам дар ҳавзаи саноати маъдан ва нассоҷӣ ва дигар ҳавзаҳои иқтисодӣ ифтоҳ шуд.

Бино бар эъломи Вазоратт саноати Тоҷикистон имсол ширкатҳои саноатӣ маҳсулоте ба арзиши 491 миллион сомонӣ (47.5 миллион доллар) тавлид карданд.