Муҳоҷирати бештари шаҳрвандони ҷӯёи кори кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия
Август 15, 2020 18:31 Asia/Dushanbe
Муҳаққиқи муассисаи иқтисодии Академияи илми Русия гуфт: Бештари неруҳои кор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия сафар мекунанд.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Зарина Додобоева афзуд: Дар Тоҷикистон барои коҳиши муҳоҷирати неруи кор минтақаҳои озоди тиҷорӣ эҷод шудааст.
Ӯ гуфт: Саҳми шаҳрвандони хориҷӣ дар ин минтақаҳои озод набояд бештар аз 20 дарсад бошад.
Ин муҳаққиқи институти иқтисодии Академияи илми Русия тавзеҳ дод: Агар сармоягузорон дар минтақаҳои саноатӣ сармоягузорӣ кунанд, ҳам барои онҳо ва ҳам Тоҷикистон судманд хоҳад буд.