Август 15, 2020 20:35 Asia/Dushanbe
  • Содироти маҳсулоти ширии ширкати Саодати Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ

Ширкати Саодат яке аз муваффақтарин воҳидҳои тавлидӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи минтақаи Хатлон, Иноят Холов- мудири ширкати маҳсулоти ширии Саодат хароҷоти сохти ин воҳиди тавлидиро 18 миллион сомонӣ эълом кард.

Ӯ афзуд: Ин ширкат барои тавлиди маҳсулоти ширӣ дар як воҳиди чорвопарварии зермаҷмӯаи корхона, 750  гов нигаҳдорӣ мекунад, ки 500 он гови ширдеҳ аст.

Ба гуфтаи Иноят Холов 112 мутахассис низ аз шаҳрҳо ва минтақаҳои кишвар дар ин муҷтамаъи тавлидӣ машғул ба кор ҳастанд.

Ӯ эълом кард, маҳсулоти ширкати Саодат ба кишварҳои Чехия, Эрон, Туркия, Чин, Русия ва Беларус содир мешавад.

Мудири ширкати Саодат истифода аз фановариҳои навинро аз дигар далелҳои муваффақияти ин воҳиди тавлидӣ донист ва афзуд: Фановарии замонавӣ, ки аз Ҷумҳурии Чехия ворид шуда барои ширдушии ҳамзамон 32  гов ва тавлиди 7500 литр шир дар рӯз татбиқ дода шудааст.

 Ширкати Саодат соли 2014 бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.