Август 15, 2020 21:35 Asia/Dushanbe
  • Ба таъхир андохтани дидорҳои тими футболи Тоҷикистон

Дидорҳои тими миллии футболи Тоҷикистон муқобили тимҳои миллии Муғулистон, Жопон ва Миянмар ба таъхир афтод.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон,ин дидорҳо қарор буд моҳҳои октябр ва ноябри имсол баргузор шавад.

Бар асоси эъломи Федератсияи футболи Тоҷикистон тими миллии футболи кишвар се бозии боқимонда дар гуруҳи "F"-ро соли оянда баргузор хоҳад кард.

Дар даври ҳафтум, футболистҳои Тоҷикистон бояд дар хона бо тими Муғулистон бозӣ кунанд,бозии баъдии онҳо муқобили Жопон аст ва дар охирин бозӣ бояд ба масофи тими миллии Миянмар бираванд.

Тими миллии Жопон, ки дар тамоми дидорҳои қаблӣ бо пирӯзӣ заминро тарк карда бо 12 имтиёз садрнишини гуруҳи худ ва аслитарин муддаии марҳилаи севуми мусобиқоти муқаддамотӣ аст.

Тимҳои миллии Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳар кадом 7 имтиёз касб карданд ва ба тартиб дар радаҳои дувум ва севум қарор доранд вале тими миллии Қирғизистон ба далели тафозули голи беҳтар дар рутбабандӣ болотар аз Тоҷикистон қарор дорад.

Тими Миянмар низ бо шаш имтиёз дар радаи чаҳоруми гуруҳ қарор дорад ва тими Муғулистон бо се имтиёз дар макони охир аст.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2022 чиҳил тим ҳузур доранд.