Истифода аз энержии хуршедӣ дар ноҳияи Рушон
Ҳезум лозим нест, сокинони ноҳияи Рушон ғизоро дар дегҳои хуршедӣ мепазанд.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Миёна, як созмони ғайридавлатии ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон ба 46 хонавода дар ду рустои дурафтодаи ноҳияи Рушони минтақаи Бадахшон таҷҳизоти истифода аз энержии хуршедӣ эҳдо кард. Мутахассисони ин созмон мегӯянд, сокинон бо истифода аз ин таҷҳизоти хуршедӣ тавонистанд ғизо бипазанд ва оби гарм дошта бошанд, ҳамчунин ин таҷҳизот боиси сарфакорӣ дар масрафи ҳезум ва ангишти онҳо шудааст.
Наталия Идрисова, мудири Созмони ғайридавлатии заминҳои кӯчак гуфт: Ҳар кадом аз ин таҷҳизоти хуршедӣ шомили дег, газ ва як фанарики худкори хуршидӣ аст.
Вай афзуд: Довталабон ба мо кумак карданд то 46 хонаводаи ниёзмандро дар ду рустои дурафтодаи ноҳияи Рушон шиносоӣ кунем ва ин таҷҳизотро ба онҳо таҳвил диҳем.
Ба гуфтаи Идрисова, таҷҳизоти истифода аз энержии хуршедӣ сабаби беҳбуди сифати зиндагӣ мешавад, зеро дигар барои пухтупаз ва оби ҷуш ниёзе ба оташ нест ва дар ҳазинаҳои хонаводаҳо ҳам сарфакорӣ мешавад.
Ӯ эълом кард, ҳазинаи як деги хуршедӣ 1000 сомонӣ ҳудуди 100 доллар аст.