Август 15, 2020 21:54 Asia/Dushanbe
  • Санади ҳамкории Арвандбонки Тоҷикистон ва Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа

Арвандбонки Тоҷикистон тафоҳумномаеро бо Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа имзо кард.

Ин тафоҳумнома 2 миллиондолларӣ бо ҳадафи ҳимоят аз машоғили хурд дар баробари осибҳои ноши аз шуйюи корона имзо шуд.

Машоғили кучак бахши муҳиме аз иқтисоди Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва ҳимоят аз он яке аз иқдомоти авлавиятдори давлат аст.

Аз манобеи ҷазбшуда барои эҷоди фурсатҳои ҷадиди содирот ва воридот истифода хоҳад шуд.

Арвандбонк аз замони имзои аввалин тавофуқнома, аз соли 2006 шарики Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа аст, ин бонк бо таъмини манобеи молӣ ба муштариёни худ ва ҳимоят аз беҳбуди иқтисодӣ дар Тоҷикистон, ба таври ҷиддӣ бо чолишҳои иқтисодӣ эҷодшуда ба иллати шуйюи корона муқобила мекунад.

Шуҳра Содиқова, раиси ҳайати мудираи Арвандбонк ба намояндагӣ аз тамомии мудирони бонк аз Бонки аврупоии ба хотири ҳимоят ва таъсири мусбати он дар тавсеаи муассисот ва хадамоти молӣ дар Тоҷикистон ташаккур кард.

Ойтен Рустамова, раиси Дафтари Бонки Аврупоии тавсеа дар Тоҷикистон ҳам гуфт: Мо хушҳолем, ки бо ҳамкории Арвандбонк дар ҳоли муқобила бо осебҳои иқтисодии шуйюи корона ҳастем.

Арвандбонк 70 шӯъба дар минтақаҳои Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, Суғд ва Хатлон бо ҳудуди 900 корманд дорад.

Теъдоди муштариҳои ин бонк дар Тоҷикистон ҳудуди 40 ҳазор нафар аст.