Август 16, 2020 10:33 Asia/Dushanbe
  • Истеҳсоли ҳудуди 2 миллион тонна семент аз оғози имсол токунун дар Тоҷикистон

Ҳудуди 2 миллиону 417 ҳазор тонна семент дар 7 моҳи имсол дар Тоҷикистон истеҳсол шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ ба нақл аз Вебгоҳи маркази ахбори Осиёи миёна , дар ин муддат масолеҳи сохтмонӣ ҳам ба арзиши 1милиарду 400 миллион сомонӣ дар Тоҷикистон  истеҳсол шуд. 
 
 Тибқи эъломи маркази матбуотии Вазорати санъат ва фановариҳои навини Тоҷикистон ин рақам муодили 4.4 дар сад аз кулли истеҳсоли нохолис кишвар аст. 
 
 Ҳамчунин дар ин муддат замоне 2 миллиону 417 ҳазору 300 тонна семент дар корхонаҳои Тоҷикистон тавлид шуд. 
 
 Вазорати санъат ва фановариҳои навини Тоҷикистон арзиши содироти масолеҳи сохтмонӣ аз январ то июли имсолро 33 миллиону 700 ҳазор эълом кард. 
 
 Дар ин муддат 20 миллиону 900 ҳазор доллар низ арзиши колоҳои воридоти санъатӣ ва сохтмонӣ ба Тоҷикистон будааст. 
 
 Фурӯши сементи Тоҷикистон ҳам имсол ҳудуди 33 миллиону 400 ҳазор доллар нисбат ба 7моҳи соли гузаштаи мелодӣ афзоиш ёфт. 
 
 Дар ин муддат Тоҷикистон 420 ҳазору 100 тонна семент ба Узбакистон , 320 ҳазору 900 тонна семент ба Афғонистон ва 40 ҳазору 200 тона семент ба Қирғизистон содир кард.