Афзоиши муҳоҷирати коргарони тоҷик таи се соли наздик ба Русия
(last modified Sun, 16 Aug 2020 14:14:24 GMT )
Август 16, 2020 19:14 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши муҳоҷирати коргарони тоҷик таи се соли наздик ба Русия

Ҳукумати Тоҷикистон бо вуҷуди густариши вируси корона афзоиши муҳоҷирати коргарони тоҷик таи се соли наздик ба Русияро пешбинӣ кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, бар асоси ин барнома таи солҳои 2021 то 2023 раванди муҳоҷирати тоҷикон барои кор ва зиндагӣ дар Русия афзоиш хоҳад ёфт.

Аммо барномаи ҷойгузин кардани Русия ва тағйири масири сафари коргарони муҳоҷири тоҷик ба дигар кишварҳо аз ҷумла Кореяи Ҷанубӣ ба ҷое нарсидааст ва танҳо теъдоди андаке аз тоҷикҳое, ки гузарномаи русӣ доранд муваффақ ба вуруд ба Кореяи Ҷанубӣ шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Русия наздик ба як миллион нафар аз тоҷикҳо ба унвони коргарони муҳоҷир бо муҷаввиз фаъолият мекунанд ва ба далели густариши вируси корона ҳазорон нафар аз онон шуғли худро аз даст додаанд.

Айюб Айгамов- иқтисоддони тоҷик муътақид аст, ки Тоҷикистон ба далели доштани суръати болои афзоиши ҷамъият ва набуди барномаи илмии иштиғолзо, наметавонад ниёзи физояндаи бозори кори худ ба неруи ҷавон ва мутахассисро таъмин кунад аз ин рӯ Русия дар ҳар шароит танҳо кишвари муҳими пазирои коргарони муҳоҷири тоҷик таи солҳои оянда боқӣ хоҳад монд.