Бозгашти 200 шаҳрванди Тоҷикистон аз марзи Қазоқистон ва Узбакистон ба кишварашон
(last modified Sun, 16 Aug 2020 14:26:22 GMT )
Август 16, 2020 19:26 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти 200 шаҳрванди Тоҷикистон аз марзи Қазоқистон ва Узбакистон ба кишварашон

Бо мусоидати Созмони байналмиллалии муҳоҷират беш аз 200 коргари муҳоҷири тоҷик, ки дар марзи Қазоқистон ва Узбакистон гирифтор шуда буданд, субҳи имрӯз тавассути автобусҳо ба шаҳри Хуҷанд мунтақил шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин афрод ба далели баста шудани марзи муштараки Қазоқистон ва Узбакистон саргардон буданд, ки бо ҳамоҳангиҳои ба амаломада миёни Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо ин ду кишвар ва мусоидати Созмони байналмиллалии муҳоҷират ба шаҳри Хуҷанд мунтақил шуданд.

Гуфта мешавад, ки ҳазинаи интиқоли ононро ҳукумати Норвегия таъмин кардааст.

Бо мусоидати Созмони байналмиллалии муҳоҷират то ба ҳол беш аз ҳазору 800 коргари муҳоҷири бекоршудаи тоҷик дар Русия бар асари густариши вируси корона аз тариқи масири заминӣ аз Қазоқистон ва Узбакистон ба шимоли Тоҷикистон мунтақил шудаанд.

Ба далели қатъи парвозҳо ва баста шудани марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, теъдоде аз ин афрод пас аз таътили марокизи тавлидӣ ва тиҷории Русия ба далели густариши вируси корона ва аз даст додани шуғли худ маҷбур шудаанд аз роҳи заминӣ ба Қазоқистон, Узбакистон ва дар ниҳоят ба Тоҷикистон бирасанд.