Август 17, 2020 19:44 Asia/Dushanbe
  • Касри тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 1 миллиард доллар

Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон аз тавозуни манфии савдои хориҷии 1 миллиард доллар ба манфиати воридот дар 7 моҳи охир хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, арзиши муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи гузашта 2 миллиарду 453 миллиону 900 ҳазор доллар будааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 45 миллиону 600 ҳазор доллар камтар аст. 
 
Арзиши содироти Тоҷикистон дар ин муддат 702 миллиону 200 ҳазор доллар ва воридоти як миллиарду 746 миллион доллар эълом шуда, ки тавозуни тиҷоратро беш аз як миллиарду 39 миллион доллар ба нафи воридоти манфӣ кардааст. 
 
 Дар ин муддат Тоҷикистон бо 108 кишвари ҷаҳон муомилоти тиҷорӣ доштааст, ки Русия, Қазоқистон, Шветсария ва Чин аз  шарикони муҳими тиҷории Душанбе будаанд.