Маҳкумияти 20 нафар ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Ихвонулмуслимин дар Суғд
(last modified Tue, 18 Aug 2020 13:57:26 GMT )
Август 18, 2020 18:57 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти 20 нафар ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Ихвонулмуслимин дар Суғд

Додгоҳи вилояти Суғд 20 нафар аз сокинони ин минтақаро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуъаи Ихвонулмуслимин ба 5 то 7 сол зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи додгоҳи вилояти Суғд, Анварҷон Абдулғаффорӣ- раиси ин додгоҳ имрӯз сешанбе иттиҳоми ин афродро узвият дар гурӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъи Ихвонулмуслимин эълом кард ва афзуд: Як нафари дигар барои иттилоъ надодан аз фаъолияти ин афрод ба мақомоти амниятӣ ба пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум шудааст.

Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси додгоҳи олии Тоҷикистон як моҳ қабл аз баррасии парвандаи қазоии 103 нафар ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуъаи Ихвонулмуслимин хабар дода буд.

Вай таъкид карда буд, ки аз ин 103 нафар ду тан аз шаҳрвандони Миср ҳастанд, ки ба унвони устодони забони арабӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон фаъолият мекарданд ва бақия шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон ҳастанд.

Аз сӯи дигар мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон бори нахуст дар моҳи январи 2020 аз шиносоии 314 нафар ва боздошти 113 тан аз аъзои Ихвонулмуслимин дар ин кишвар хабар доданд, ки бештари онон устодони забони арабии донишгоҳҳо ва донишкадаҳои давлатии Тоҷикистон буданд.

Фаъолияти гурӯҳи Ихвонулмуслимин дар Тоҷикистон бар асоси ҳукми додгоҳи олии ин кишвар дар соли 2006 ба унвони созмони террористӣ мамнуъ аст.